Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона аз коҳиши истихроҷи нафт истиқбол кард


Таъмири дастгоҳҳои нафткашӣ дар Қазоқистон (акс аз бойгонӣ)
Таъмири дастгоҳҳои нафткашӣ дар Қазоқистон (акс аз бойгонӣ)

Остона аз созиши кишварҳои узви ОПЕК ва кишварҳои содиркунандаи нафти ғайри ОПЕК барои нигаҳ доштани нархи қобили қабули нафт дар бозор "истиқбол ва пуштибонӣ" мекунад. Дар ин бора вазири энергетикаи Қазоқистон хабар дод.

Вазорат мегӯяд, Қазоқистон уҳдадориҳояшро барои истихроҷи 20 ҳазор баррел дар як рӯз иҷро мекунад.

" Истихроҷи нафт ба ҳисоби миёни дар Қазоқистон 1,673 ҳазор баррелро дар рӯз ташкил медиҳад. Танҳо дар ду моҳи охир ин нишондод каме боло рафтааст. Моҳҳои май-июн истихроҷ кам мешавад ва дар маҷмуъ уҳдадориҳои нимсола ба иҷро мерасад", - омадааст дар хабари вазорат.

Рӯзи панҷшанбе сарони кишварҳои узви ОПЕК ва дигар кишварҳои истихроҷкунандаи нафт дар Вена ҷамъ шуда, барои нигаҳдории сатҳи феълии истихроҷи нафт давоми нуҳ моҳи дигар ба созиш расиданд. Дар созишнома омадааст, ки коҳиши истихроҷи нафт то ба 1,8 миллион баррел дар рӯз то моҳи марти соли оянда нигаҳ дошта мешавад.

Баъди эълони созиш қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ поин омад.

XS
SM
MD
LG