Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Алмаато барои Аблязов 20 соли зиндон талаб кард


Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов

Додситони шаҳри Алмаатои Қазоқистон барои сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Мухтор Аблязов 20 сол зиндон бо мусодираи амволро талаб кард. Аблязовро бо иттиҳоми дуздии пулҳои бонки БТА дар Алмаато ғоибона муҳокима мекунанд.

Мухтор Аблязов дар доираи ин парванда ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва роҳбарии он, сӯистифода аз мақом, дуздии пулҳои БТА ва истифодаи ғайриқонунии маблағи бонк айбдор мешавад.

Аблязов, ки феълан дар хориҷ паноҳ мебарад, айбҳоро рад ва парвандаро сиёсӣ уновон кардааст. Ӯ мегӯяд, мақомоти Қазоқистон бонки БТА-ро, ки дар гузашта бузургтарин бонки кишвар ба ҳисоб мерафт, ғасб карданд.

Бино бар иттилои сомонаи Tengrinews, додситон аз додгоҳ талаб кард, ки макони адои ҷазои Аблязовро дар "муассисаи амнтарин" муайян кунад ва ҳамзамон ӯро аз ҳаққи фаъолияти касбӣ дар бонкҳо се сол маҳрум намояд.

Намояндаи бонки БТА Еркин Баймагамбетов дар додгоҳ аз мавқеи додситонӣ ҳимоят кард. Додгоҳ то баъди нимфирӯзии 25 май танаффус эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG