Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Трампро дар таҳрики хушунатҳои Баҳрайн муттаҳам кард


Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Баҳрайн. Акс аз бойгонӣ
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Баҳрайн. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи ҳуҷуми пулис ба тазоҳуроти ҷонибдорони рӯҳонии шиа дар Баҳрайн, салтанате, ки дар он сунниҳо раҳбарӣ мекунанд, дастикам панҷ нафар кушта шуданд. Масъулони Вазорати умури дохилии Баҳрайн гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 23 май иттифоқ афтодааст.

Ба қавли онҳо, инчунин, тақрибан 300 нафар дар Дираз, дар назди манзили рӯҳонӣ Исо Қосим - раҳбари маънавии ҷомеаи шиаҳои Баҳрайн - боздошт шуданд. Вазорат мегӯяд, афроде, ки аз зиндони Ҷоу фирор карданд, дар байни 286 тазоҳургари боздоштшуда буданд ва ин афроди ёғӣ норинҷаки дастӣ ва корд доштанд.

“Бахши умдаи онҳо дар манзили Исо Қосим пинҳон шуданд”, - гуфт вазорат ва афзуд, ки якчанд ходими нерӯҳои амниятӣ захм бардоштанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳамла ба эътирози осоиштаро маҳкум карданд.

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф бо ишора ба мулоқоти ахири президенти Амрико бо раҳбарони якчанд давлати мусалмонӣ дар Арабистони Саудӣ, таҳаввулоти Баҳрайнро “аввалин натиҷаи мушаххас”-и ба гуфтаи ӯ “бозии Трамп бо ҳокимони мустабид” номид.

XS
SM
MD
LG