Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо сафари дурӯза вориди Исроил шуд ва ин сафарро "фурсати нодири бозгардондани субот ба Ховари Миёна ва пешрафт дар мубориза бо терроризм" номид.
Трам рӯзи 22 май дар маросими истиқбол, ки баъди ворид шудани ӯ ба ин сарзамин баргузор шуд гуфт, ки мехоҳад робитаи шикастнопазири байни Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро таъкид кунад.
"Акнун мо бояд якҷо кор кунем, то ояндаи босуботи минтақаро таъмин намоем"- гуфт Трамп.
Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки рӯзи душанбе мулоқоти сеҷонибаи Трамп, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос баргузор мешавад.