Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ташкили неруҳои мубориза бо тундравон дар Ироқу Сурия


Раиси ҷумҳури Амрико қабл аз суханронӣ дар нишасти Риёд
Раиси ҷумҳури Амрико қабл аз суханронӣ дар нишасти Риёд

Барои дастгирии мубориза бо даҳшатафканон дар Сурия ва Ироқ неруҳои вижа таъсис дода мешавад. Ин нукта дар санаде зикр шудааст, ки иштирокдорони саммити раҳбарони кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин дар шаҳри ар-Риёд, пойтахти Арабистони Саудӣ қабул карданд.

Дар ин ҳамоиши сарон президенти ИМА Доналд Трамп низ иштирок дошт.

Раҳбарони давлат ва ҳукуматҳои беш аз 50 кишвари дунё аз ташкили неруҳои номбурда барои мусоидат ба амалиёти зидди тундравон дар Ироқу Сурия ҳимоят карданд. Интизор меравад, шумори низомиёни ин гуруҳ ба 34 ҳазор нафар расонида шавад.

Ҳамчунин дар "эъломияи ар-Риёд" аз ташкили Маркази ҷаҳонии мубориза бо идеологияҳои экстремистӣ низ хабар дода мешавад. Қароргоҳи ин марказ дар пойтахти Арабистони Саудӣ воқеъ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG