Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 27 май оғоз мешавад


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон шанбеи 27-уми майро нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон эълон кард. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯро рӯзи 22 май дар Масҷиди марказии Душанбе эълон кард, ки шаби 26 ба 27 май дар масоҷиди кишвар намози таровеҳ доир мешавад ва фардои он сокинон ба рӯзадорӣ оғоз хоҳанд кард. Ба иттилои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, нисоби закот 22950 сомонӣ муқаррар гардида ва аз он 575 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ барои ҳар нафар 5 сомонӣ таъин гардидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG