Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Эмомалӣ хостааст, ки нарх дар моҳи Рамазон боло наравад


Рустами Эмомалӣ моҳи январи имсол раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард

Шаҳрдории Душанбе роҳҳои боло нарафтани нархи маводи ғизоӣ дар тӯли моҳи Рамазон дар бозорҳои пойтахтро пешниҳод кардааст. Бино ба қароре, ки рӯзи 19-уми май аз сӯи Рустами Эмомалӣ имзо шуд, тоҷирони маводи ғизоӣ дар ин муддат аз пардохти маблағи якдафъаина озод хоҳанд гардид. Инчунин, раисони чаҳор ноҳияи Душанбе муввазаф шудаанд, дар моҳи Рамазон дар рӯзҳои шанбеву якшанбе маъракаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил кунанд.

“Бо ҳадафи рақобати солим ва коҳиш додани нархи маҳсулот” аз раҳбарони бозорҳо даъват шудааст, ки дар моҳи Рамазон “бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ, ҳамарӯза хариду ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалияро ба роҳ монанд”.

Ҳар сол дар остонаи моҳи шарифи Рамазон нарх дар бозорҳои пойтахт ва баъзе аз минтақаҳои дигари кишвар боло рафта, то поёни Иди Фитр идома мекунад. Яке аз сокинони пойтахт рӯзи 20-ми май гуфт, баид ба назар мерасад, ки нархи маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон якбора арзону ба ҳама дастрас шавад. Чун, ба қавли ӯ, "дар гузашта низ мақомоти Душанбе борҳо талош кардаанд, дар ин моҳ ва идҳои дигар нархро танзим ва дар як сатҳ нигоҳ доранд. Ҳарчанд ин қазия боис ба баҳси зиёд ва ҳатто огоҳиву барканории раисони баъзе аз бозорҳо сабаб шуд, аммо ҳалли худро наёфт."

То кунун рӯзи дақиқи шӯрӯи моҳи Рамазон эълон нашудааст. Аммо қаблан Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози Рамазони имсоларо рӯзи 26 май тахмин зада буд. Мақомоти ин ниҳод инчунин гуфта буданд, ки Иди Рамазон ба 26 июн ва Иди Қурбон ба 1 сентябр рост меояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG