Пайвандҳои дастрасӣ

Миллиардер Усмонов аз Навалний маъзарат талаб кард


Миллиардери узбактабори Русия Алишер Усмонов

Алишер Усмонов, миллиардери узбактабори Русия, бо пахши як муроҷиатномаи видеоӣ ба Алексей Навалний, раҳбари Бунёди мубориза бо фасодкорӣ ӯро "ҷинояткор", "бесавод" ва "соҳибкори ноком" номид.

Навори видеоӣ, ки Усмонов онро дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" нашр кард, ба даъвои додгоҳии миллиардер алайҳи Навалний рабт дорад ва посух ба иттиҳоми фасодкорист, ки Навалний матраҳ карда буд. Дар навор Алишер Усмонов гуфтааст, ба касе ришва надодааст ва талаб кард, ки Навалний аз ӯ узр пурсад.

Парвандаи даъвои Усмонов алайҳи Навалний дар заминаи таҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасод боз шуд. Дар ин таҳқиқот гуфта шуд, ки Усмонов ба бунёди "Соцгоспроект" порчаи заминро ҳадя кард. Раҳбари бунёд Иля Елисеев ҳамкурси нахуствазири Русия Дмитрий Медведев аст, ки Навлний ӯро ба фасодкорӣ муттаҳам мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG