Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти Русияро додситони вижа таҳти назорат гирифт. ВИДЕО


Роберт Мюллер - раҳбари собиқи Идораи федеролии таҳқиқот
Роберт Мюллер - раҳбари собиқи Идораи федеролии таҳқиқот

Роберт Мюллер, раҳбари собиқи Идораи федеролии таҳқиқоти Амрико, ба ҷараёни бозҷӯии дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихобот ва робитаи аъзои ситоди президент Доналд Трамп бо намояндагони Маскав назорат хоҳад кард.

Дар ин бора рӯзи 17-уми май ноиби додситони ИМА Род Розенштейн баъд аз имзои фармони таъини Мюллер хабар дод. Бо таъини Мюллер ба сифати додситони вижа, Вазорати адлия талаби демократҳоро қонеъ кард, ки муддатҳо боз мехостанд парвандаи дахолати Русия ба интихоботи соли 2016-ро додситони махсус бозҷӯӣ кунад.

Талаби демократҳо баъди аз мақом барканор шудани раҳбари Идораи федеролии тафтишот Ҷеймс Комӣ балантар садо дод.

Род Розенштейн гуфт, қарори ӯ набояд тавре талаққӣ шавад, ки далели ҷиноят вуҷуд дорад ва бояд мавриди таҳқиқ қарор гирад. Ноиби додситон гуфт, ки бо назардошти вазъи кунунӣ амал кардааст ва таъини додситони берун аз тобеияти идораҳо ҷавобгӯи манфиати ҷомеа хоҳад буд.

Баъд аз таъини Мюллер ба мақоми додситони вижа президент Трамп дар Твиттер навишт, бозҷӯии дақиқи парванда ин воқеиятро ошкор хоҳад кард, ки ҳеҷ тавтеа вуҷуд надорад. Ӯ изҳори умед кард, ки тафтиш зудтар анҷом шавад.

Доналд Трамп гуфт, ки муносибат ба ӯ ноодилона аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

XS
SM
MD
LG