Владимир Путин гуфт, Маскав омода аст, сабти музокироти Кохи Сафедро пешкаш кунад, ки дар он гӯё президенти ИМА Доналд Трамп маълумоти махфии иттилоотиро дар ихтиёри вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гузоштааст. Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Сочӣ сӯҳбат кард.
Ӯ гуфт, "мо омода ҳастем, ки ба Сенат ва Конгресси Амрико сабти сӯҳбати Лавров бо Трампро пешкаш кунем. Вале танҳо дар сурате ин корро мекунем, ки маъмурияти амрикоӣ аз мо чунин дархост кунад."
Бо такя ба баъзе манобеи махфӣ, матбуоти амрикоӣ рӯзи 15-уми май гуфт, ки Трамп дар мулоқоташ бо Лавров рӯзи 10-уми май баъзе маълумоти сиррии давлатиро дар ихтиёри Русия қарор додааст. Путин гуфт, ки Амрико аз як марҳилаи "шизофренияи сиёсӣ" мегузарад.