Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба радиову телевизиони Ҷалолобод ду мулкӣ кушта шуд


Гурӯҳи мусаллаҳе рӯзи 17 май ба бинои телевизиони давлатии шаҳри Ҷалолобод, дар шарқи Афғонистон ҳамла кард. Ин ҳодиса боиси низои мусаллаҳонае бо нирӯҳои давлатӣ шуд, ки чор соат идома кард. Дар натиҷа чор ҳамлагар ва ду мулкӣ кушта шуда, 13 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора мақомот ва ходимони тиб хабар доданд.

Атоулло Хогиёнӣ, сухангӯи волии Нанагарҳор гуфт, ки чор ҳамлагар ба дохили сохтмони Радиову телевизиони давлатии Афғонистон ворид шуданд ва ду нафари онҳо, ки маргталаб буданд, худро тарконданд. Чандин корманди радиову телевизион дар ҳангоми сар задани ҳодиса дар дохили бино дармонданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Дар минтиқаи наздики кӯҳии Нангарҳор гурӯҳҳои марбут ба Толибон ва ҳам “Давлати Исломӣ” фаъоланд, ки зидди нирӯҳои давлатии Афғонистон меҷанданд.

XS
SM
MD
LG