Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед: Президент қатъи бозҷӯии Флиннро дархост накарда буд


Раҳбари пешини FBI Ҷеймс Комӣ ва раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп
Раҳбари пешини FBI Ҷеймс Комӣ ва раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп

Бар пояи навиштаи матбуоти Амрико, раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба раҳбари Идораи таҳқиқоти федеролӣ пешниҳод карда буд, ки бозҷӯии робитаи Майкл Флинн - мушовири амнияти миллии Кохи Сафед бо намояндагони Русия ва давлатҳои дигарро қатъ кунад.

Бино ба ёддоштҳои Ҷеймс Комӣ, ки баъд аз мулоқот бо Трамп навишт, моҳи феврал президент гуфтааст, "Флинн одами хуб аст" ва хостааст, "қазияро тамом кунад". Бар асоси навиштаи Комӣ, ӯ фақат бо арзёбии сифатҳои Флинн розӣ шуда, аммо ба пешниҳоди президент вокуниш накардаст.

Пешниҳоди Трамп дар бораи қатъи таҳқиқи Флинн гӯё замоне матраҳ шуд, ки президент аз ҳозирон, аз ҷумла ноиби раиси ҷумҳур Майкл Пенс ва вазири адлия Ҷефф Сешнс хост, ки аз утоқ берун шаванд ва раҳбари FBI бо Трамп танҳо монд. Ҷеймс Комӣ ёварони наздики худро бо мӯҳтавои ёддошташ дафъатан ошно карда буд, аммо матбуот акнун аз ин қазия огоҳ шуд.

Кохи Сафед ин шакли тафсири воқеаро рад кард. "Дар замоне ки президент борҳо дар бораи генерал Флинн ҳамчун як инсони арзанда, инсоне, ки ба кишвар хизмат кардааст, назар дод, ӯ ҳеҷ гоҳ аз Комӣ нахоста буд, ки ягон таҳқиқот, бо шумули бозҷӯии Флинро қатъ кунад", - омадааст дар изҳороти Кохи Сафед.

Доналд Трамп раҳбари FBI Ҷеймс Комиро рӯзи 9 май аз мақомаш барканор кард.

Қонунгузорони амрикоӣ гуфтанд, ки агар ин ёддошт вуҷуд дошта бошад, онҳо бояд бо муҳтавояш ошно шаванд.

XS
SM
MD
LG