Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти як шаҳри Чех Сталинро аз ҳаққи сокини ифтихорӣ маҳрум карданд


Мақомоти шаҳри Ческе-Будеёвитсии ҷумҳурии Чех Иосиф Сталинро аз ҳаққи "сокини ифтихории шаҳр" маҳрум карданд. Дар ин бора шабакаи телевизиони ҷамъиятии Чех рӯзи 16 май хабар дод.

Сталин соли 1945 мақоми сокини ифтихориро пайдо карда буд. Дар бораи қатъи ин мақом баҳори имсол баҳс бархост ва раиси шаҳр аз бекор кардани мақоми Сталин пуштибонӣ кард.

Дар маҷмуъ, ин шаҳр ба 118 нафар мақоми сокини ифтихориро додааст. Дар шумори ин афрод ҳавонаварди шӯравӣ Валентина Терешкова низ ҳаст. Терешкова соли 1979 соҳиби ин мақом шуда буд. Аз он замон то кунун ба касе мақоми сокини ифтихориро надодаанд. Сталин соли гузашта дар чанд шаҳри дигари Чех низ аз ҳаққи сокини ифтихорӣ маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG