Фаъолони ҷомеаи ҳамҷинсгароёни Фаронса аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноят дар Ҳейг ё Гаага даъват карданд, ки мавридҳои ситам бар ҳамҷинсгароҳои Чеченистонро таҳқиқ кунад. Се ҷунбиши ҳамҷинсгароҳо аризаи худро алайҳи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба додгоҳ супурданд.
Дар матни ариза аз Қодиров "имоишгари наслкушӣ" ном бурда ва гуфтанд, ки раҳбари Чеченистон дар ташкили зиндонҳои махфӣ барои ҳамҷинсгароҳо даст дорад.
Дар бораи боздошт, шиканҷа ва куштори ҳамҷинсгароён дар Чеченистон бори аввал нашрияи "Новая Газета" гузориш дод. Мақомоти Чеченистон навиштаи хабарнигоронро тӯҳмат хонданд ва кормандони нашрия таҳдид гирифтанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова рӯзи 16-уми май гуфт, ки маълумоти "Новая Газета"-ро дар ихтиёри Кумитаи тафтишот қарор дод. Қаблан хабарнигорон аз бефаъолиятии мақомот дар ин замина шикоят карданд.