Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи вабо дар Яман 184 нафарро қурбон кард


Духтараки яманӣ, ки гумон меравад гирифтори вабо аст. 15 майи 2017
Духтараки яманӣ, ки гумон меравад гирифтори вабо аст. 15 майи 2017

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх рӯзи 15 май гуфт, ки аз моҳи гузашта ба ин тараф 184 нафар дар Яман аз бемории вабо фавтиданд. Изҳороти Салиби Сурх дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи гузашта мақомот дар пойтахти Яман- Санъо ҳолати фавқулодда эълон карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак пурсиданд.

Шаҳри Санъо таҳти назорати шибҳанизомиёни Ҳусӣ қарор дорад, ки аз муттафиқони Эрон аст ва алайҳи Арабистони Саудӣ ҷанг мекунад. Дар тӯли ду соли даргириҳои Яман беш аз 10 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо овора шуданд. Бар асари даргириҳо ҳамчунин бахши умдаи зербинои кишвар корношоям шуд.

Биноба гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, дар Яман танҳо якҷанд муассисаи тиббӣ фаъол аст ва аз се ду ҳиссаи аҳолӣ ба оби нушиданӣ дастрасӣ надорад.

Ба маълумоти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх аз 27 апрел то ҳол 184 нафар аз дарунравии шадид фавтида, гумон меравад, ки 11 ҳазори дигар гирифтори вабо шудаанд.

XS
SM
MD
LG