Пайвандҳои дастрасӣ

Макрон сиёсатмадори муҳофизакорро нахуствазир интихоб кард


Эммануэл Макрон - раиси ҷумҳури Фаронса

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Фаронса, мири шаҳри бандарии Ле Ҳавр, Эдуар Филиппро нахуствазири кишвар интихоб кард. Дар ин бора дабири кулли қасри Елиси Алекси Колер рӯзи 15 май хабар дод.

Эдуар Филиппи 46 сола аз ҷиноҳи муътадили ҷумҳурихоҳони муҳофизакор аст. Ӯ вазни таодулро дар баробари қонунгузорони сотсиалист таъмин мекунад, ки ба Макрон гаравиданд. Гуфта мешавад, ки Макрон ва Филипп дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дидгоҳи монанд доранд.

Раиси ҷумҳури нав ваъда дод, ки тақсими сиёсатмадрон ба чапу ростро, ки даҳсолаҳо боз дар Фаронса ҳукмфармо буд, хотима хоҳад дод.

Эдуар Филипп аз шарикони наздики нахуствазири собиқ Ален Жюппе аст, ки ба ҷиноҳи муътадили ҷумҳурихоҳон раҳбарӣ мекунад ва тарафдори Макрон буд.

Дар таърихи модерни Фаронса бори аввал аст, президент нахуствазирро на аз атрофи худ, балки аз ҷиноҳи дигар интихоб мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG