Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эммануел Макрон савганд хӯрд ва ваъда дод, ки ..


Эммануел Макрон бо раиси ҷумҳури феълӣ Франсуа Олланд ҳам гуфтугӯ дошт.
Эммануел Макрон бо раиси ҷумҳури феълӣ Франсуа Олланд ҳам гуфтугӯ дошт.

Эммануеэл Макрон рӯзи 14-уми май дар Кохи Элисей дар шаҳри Фаронса ба ҳайси раиси ҷумҳур савганд ёд кард. Ӯ бо Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури феълӣ дар як мулоқоти хусусӣ доир ба масоили давлатӣ ва аз ҷумла гирифтани рамзҳои партоби бомбҳои атомии Фаронса сӯҳбат кард.

Эммануэл Макрони 39-сола ҷавонтарин раиси ҷумҳур дар таърихи Фаронса аст ва дар гузашта дар арсаи бонкдорӣ ва дар ҳукумати Олланд ба ҳайси вазири иқтисод кор кардааст. Ӯ мушкилоти зиёде пеши рӯ дорад, ки бояд ҳал кунад, аз ҷумла бекории афзоянда дар Фаронса, тундгароии исломӣ ва ҳам тафриқа дар миёни ҷомеа, ки дар замони интихобот ҳувайдо шуд.

Эммануел Макрон зимни суханронӣ гуфт, “Ин як кори оҳиста, сахт, вале зарурӣ хоҳад буд.” Ӯ дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 7-уми май, 66 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва Марин Ле Пен, рақиби ростгарои ифротиашро шикаст дод.

Бино ба назарсанҷиҳо, ҳизби тозатаъсиси Эммануэл Макрон ба номи Эн Марш ва ё Ба пеш, мумкин аст, дар интихоботи порлумонии моҳи июн ҳам аз дигар ҳизбҳо раъйи бештар ба даст биёрад.

XS
SM
MD
LG