Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумита: Пулис ва низомиёни Покистон дар шиканҷа даст доранд


Кумитаи зидди шиканҷа дар Созмони Милали Муттаҳид аз шиканҷаи густарда тавассути маъмурони пулис, низомиён ва идораи истихбороти Покистон хабар дод. Ин кумита рӯзи 12 май аз Исломобод хостааст, ки фавран ислоҳот ҷорӣ кунад. Кумитаи зидди шиканҷа дар Созмони Милали Муттаҳид пас аз чанд моҳи таҳқиқ дар нахустин гузоришаш навиштааст, "пулис дар шиканҷаи густарда дар саросари Покистон даст дорад". Дар гузориш омадааст, нирӯҳои мусаллаҳи Покистон ва идораи истихборот низ дар чанд мавриди қатлҳои бидуни ҳукми додгоҳ даст доштаанд. Кумисюни миллии ҳуқуқи башар, идораи марбут ба порлумони Покистон, аз ин гузориш истиқбол кардааст. Ин кумисюн гуфтааст, ки пахши ин гузориш ба оғози баҳсҳо дар мавриди шиканҷа дар Покистон кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG