Ҳукумати Косово баъди раъйи адами эътимод, ки 10 май содир шуд, пош хӯрд ва ҳамакнун дар ин кишвар қарор аст интихоботи зудрас баргузор шавад. Ин ҳама дар ҳолест, ки Косово як соли охир дар ҳолати бӯҳрони сиёсӣ қарор дорад.
Дар овоздиҳии ахир аз 120 узви парлумон 78 нафарашон зидди аъзои ҳукумати нахуствазир Исо Мустафо овоз доданд ва бо ин ба эътилофи Лигаи демократии Мустафо ва ҳизби демократии президент Ҳошим Тачӣ хотима гузошта шуд. Эътилофи мазкур дар натиҷаи ихтилофҳои миёни ду нирӯ пош хӯрд. Овоздиҳии адами эътимод ба ҳукуматро мухолифион пешниҳод карданд.
Интихоботи зудрас қарор аст дар фосилаи байни 45 рӯзи дигари баъди пошхӯрии ҳукумат барпо шавад. Рӯзи баргузории интихобот бояд охири ҳафтаи ҷорӣ эълон шавад. Косово соли 2008 аз ҳайати Сербия берун ва истиқлолияти худро эълон кард, то ҳанӯз ин кишварро 114 давлат эътироф кардаанд. Сербия истиқлолияти Косоворо ба расмият нашинохтааст.