Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди нахустини комиссионери ҳуқуқи башари СММ аз Узбакистон


Комиссионери олии ҳуқуқи башар Зайд Раъд Ал-Ҳусейн барои нахустин бор аз Узбакистон дидан мекунад. Ин аввалин сафари масъули ҳуқуқи башари СММ баъд аз касби истиқлоли Узбакистон дар соли 1991 аст. Дар ҷараёни сафаре, ки аз 10 то 12 май идома мекунад, Зайд Раъд Ал-Ҳусейн бо мақомоти мухталифи ҳукумати Узбакистон, аз ҷумла президент Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ мекунад. Мирзиёев баъди марги Ислом Каримов дар интихоботи моҳи декабри соли 2016 президенти ин кишвар интихоб шуд. Раҳбари барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии созмони Human Rights Watch Ҳию Уилямсон гуфт, ки барои Шавкат Мирзиёев ҳоло фурсати хубе расидааст, ки дар масоили ҳуқуқи башар ислоҳоте роҳандозӣ карда, саҳифаи торики замони Ислом Каримовро, ки таҳаммули дигарандешии сиёсиро надошт, бипӯшад ва дар ин самт тағйироте роҳандозӣ кунад. Мирзиёев то имрӯз бо чанд иқдоми худ талоши аз инзиво баровардани кишвари дорои 30 миллион ҷамъиятро ба намоиш гузошт. Эндрю Стройҳлен, масъули матбуотии созмони Human Rights Watch гуфт, ки Мирзиёев метавонад тағйироти ҷиддиро дар ин самт аз озод кардани садҳо зиндониҳои сиёсӣ шурӯъ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG