Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти таркиш дар Шӯрообод. Ду ноболиғ аз минаи "Лепесток" захмӣ шуданд


Шоҳрухи Хайриддин

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, минае, ки дар натиҷаи таркиши он ду ноболиғ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) захмӣ шуданд, навъи ПФМ-1 буда, бо номи русии “Лепесток” маъруф аст. Ин навъи минаи хурд дар солҳои 80-уми асри гузашта дар Шӯравии собиқ истеҳсол шуда, бори аввал дар Афғонистон мавриди истифода қарор гирифтааст.

Онҳо минаро бозича фикр карда, аз замин мегиранд, ки метаркад. Дар онҷо пештар сарбозҳои рус буданд, вале ҳоло касе нест. Шояд аз ҳамон замон зери хок монда бошанд, ки онро боронҳо берун баровардааст

Дар пайи таркиши ин навъи мина бегоҳи 9 май Шукрулло Фахриддини 14-сола ва Шоҳрух Хайриддини 13-сола, сокинони деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷароҳат бардоштанд.

Як мақоми интизомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 11 май гуфт, ҳодиса дар мавзеи "Хучак", ки то соли 2005 дар онҷо дидбонгоҳи русҳо ҷойгир буд, рух додааст. “Ба тахмини мо, ин мина аз ҳамон замон мондааст. Солҳои 1993-1994, вақте ки бо гурӯҳи Мулло Абдураҳим ҷанг мерафт, дар баъзе пайраҳаҳо чунин мина ҳаво дода буданд. Ҳатто дар анорбоғҳои маъруфи Даштиҷум дар шохи дарахтҳо низ чунин навъи мина ба назар мерасид. Ин мина мисли бозича буда, таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад”, - гуфт ӯ.

Шукруллои Фахриддин
Шукруллои Фахриддин

Ин мақоми интизомии ноҳияи Шӯроободи собиқ гуфт, ҳарчанд тибқи барнома бояд то соли 2015 ҳудуди ин ноҳияи наздимарзӣ аз мина пок мешуд, аммо Маркази минарӯбии Тоҷикистон ҳеҷ кореро дар ин мавзеъ анҷом надодааст. Ба гуфтаи ӯ, маркази минарӯбии Тоҷикистон танҳо бо корҳои тарғиботӣ иктифо карда, дар амал ба таври назаррас мина пок накардаанд.

Фахриддин Собиров, падари Шукрулло, яке аз ноболиғони зиёндида аз мина 11 май ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳангоми чидани алафи баҳорӣ дар рӯи замин ин навъи минаро, ки андозааш на калонтар аз қурбоққа будааст, дида онро ба даст мегиранд. “Ин ҳодиса дуртар аз деҳаи Қавоқ рух додааст. Онҳо минаро бозича фикр карда, аз замин мегиранд, ки метаркад. Дар онҷо пештар сарбозҳои рус буданд, вале ҳоло касе нест. Шояд аз ҳамон замон зери хок монда бошанд, ки онро боронҳо берун баровардааст”, - афзуд ӯ.

акс аз Википедиа
акс аз Википедиа

Ҳоло ин ду кӯдак дар беморхонаи марказии Кӯлоб бистарӣ буда, ҳолашон хуб арзёбӣ мешавад. Як мақоми ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асари таркиш даст ва сару рӯи ин ду кӯдак маъюб шудааст. "Аз ҷои ҳодиса то бемористон дар тӯли чаҳор соат оварда шуданд. Каме хунашон рафтааст, вале пизишкон талош доранд, ки онҳоро наҷот бидиҳанд", - афзуд ӯ.

Сино Мирзоев, ҷарроҳи Беморхонаи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Сино Мирзоев, ҷарроҳи Беморхонаи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Сино Мирзоев, ҷарроҳи Беморхонаи ҷамоати Саричашма 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин ду ноболиғ ҳангоми ворид шудан ба беморхона кӯмакҳои аввалияи тиббӣ расониданд ва барои идомаи табобат онҳоро ба беморхонаи шаҳр фиристоданд.

Ӯ гуфт: “Тақрибан соатҳои 20:30 шаб ин ду бемор ба беморхонаи мо ворид карда шуд. Ҷароҳатҳои зиёде дар гардан, қафаси сина ва китфҳо доштанд. Мо ба онҳо кӯмакҳои аввалияи тиббӣ расонидем. Табобате, ки аз тарафи мо лозим буд, анҷом додем.”

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, собиқ Шӯрообод дар марзи Афғонистон қарор дошта, замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз маконҳои даргирӣ буд. Нирӯҳои мусаллаҳи иттиҳоди мухолифин зери фармондеҳии Абдураҳим Каримов, маъруф бо номи Мулло Абдулло аз Афғонистон ба ин ноҳия ворид ва бо нерӯҳои ҳукуматӣ вориди даргирӣ шуд. Задухӯрд бо гурӯҳи Мулло Абдураҳим дар ғору ҷангалҳои ин ноҳия дар солҳои 1993-1994 давом кардааст.

Ду ҳафта пеш як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рашт низ дар пайи чунин ҳодиса аз пояш маҳрум шуд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки Аҳмад Қодиров – сокини деҳаи Кодараи ҷамоати Қалъаи Сурх и Рашт – рӯзи 26 апрел ҳангоми гаштугузор дар чарогоҳи атроф ба минаи зеризаминӣ бархӯрда ва ҳоло дар бемористони марказии ноҳия бистарист.

Дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир аз таркиши минаҳо 490 нафар осеб дида ва 375 нафар ҳалок шудаанд, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд. Майдонҳои минкоришуда аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 боқӣ мондааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG