Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аброр Азимов дар додгоҳ: “Ба ман амр доданд ва ман иҷро кардам” 2 ВИДЕО


Аброр Азимов дар додгоҳ

Додгоҳи ноҳияи Басманний дар Маскав рӯзи сешанбе амр дод, ки Аброр Азимов то рӯзи 3 июн дар боздоштгоҳ бимонад. Муфаттишон ӯро яке аз тарҳрезони бомбгузории рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт Петербург медонанд, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта шуданд. Азимовро рӯзе пештар дар ноҳияи Одинтсово дар канори Маскав дастгир карданд. Мақомоти амниятии Русия гуфтанд, маҳз ӯ Акбарҷон Ҷалиловро барои бомбгузорӣ омода кардааст. Ин ҷавон дастгоҳи таркандаро дар дохили қатор ба кор даровардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аброр Азимов: "Ба ман амр доданд, ман иҷро кардам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Ба навиштаи рӯзномаи “Коммерсант”, занги телефонии Акбарҷон Ҷалилов ба Аброр пеш аз ҳамла имкон додааст, ки ӯро пайдо ва дастгир кунанд.

Додрас Артур Карпов бо эълони ҳукм гуфт, Аброр бояд то 45 рӯз дар боздоштгоҳ бимонад ва дар ин муддат айбномаи расмӣ ба ӯ эълон шавад, дар акси ҳол ӯро озод мекунанд.

Аброр Азимов ба ҳукм эътироз накард, вале гуфт, ки дар ин ҳамла мустақим даст надорад. “Ман дар он ҳодиса даст дорам, вале намедонистам, ки дар иҷрои як амали террористӣ кумак мекунам. Ба ман амр доданд ва ман иҷро кардам”, - гуфтааст ӯ дар додгоҳ. Додрас ба Аброр иҷоза надодааст, ҷузъиётро бигӯяд, зеро гуфтааст, ӯро инҷо барои бозпурсӣ наовардаанд.

Аброр Азимов
Аброр Азимов

Ба гуфтаи мақомоти ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия, Аброр Азимов соли 1990 дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон зода шудааст, вале шаҳрвандии Русияро дорад. Зану фарзанд ҳам доштааст. Ба навиштаи рӯзномаи “Коммерсант”, занги телефонии Акбарҷон Ҷалилов ба Аброр пеш аз ҳамла имкон додааст, ки ӯро пайдо ва дастгир кунанд.

Боздошти Аброр бо иттиҳоми омода кардани бомбгузор

Як рӯз пеш матбуоти Русия гуфтанд, ки мақомоти интизомӣ як зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми тарҳрезии бомбгузории маргбор дар метрои шаҳри Санкт Петербург дастгир кардаанд. Хабаргузории Интерфакс ва РБК гузориш доданд, Аброр Азимов, рӯзи 17 апрел дар ноҳияи Одинтсово дар Подмосковйе дастгир шудааст.

Нақши Аброр Азимов дар бомбгузории метрои Санкт Петербург таҳқиқ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Дар видеое, ки дафтари матбуоти ФСБ ва ё Хадамоти таҳқиқоти федералии Русия нашр кард, лаҳзаи боздошти ҷавоне нишон дода мешавад, ки маъмурони амниятӣ ӯро ба замин мехобонанд ва аз ӯ ному насаб ва сипас сабаби боздошташро мепурсанд. Ин ҷавон аввал ному насабашро мегӯяд ва сипас дар посух ба суоли маъмурони ниқобпӯш, ки мепурсанд, сабаби боздоштро медонӣ ҷавоби мусбат медиҳад.

Баъди ин маъмурони амниятӣ аз дохили либоси ҷавон, як туфангча ва аз халтаи селофании дасташ телефони ҳамроҳ пайдо мекунанд. Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки Аброр Азимов, 27-сола аст ва мақомоти тафтишотӣ қасд доранд, ба зудӣ барои гирифтани амри нигаҳдории ӯ дар боздошт ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Дар натиҷаи таркиш 15 нафар кушта шуданд.
Дар натиҷаи таркиш 15 нафар кушта шуданд.

Хабаргузори РБК бо такя ба мақомоти тафтишотӣ навиштааст, ки гӯё Аброр Азимов, бомбгузори эҳтимолӣ Акбарҷон Ҷалиловро омода карда буд, ки ба гуфтаи мақомоти Русия бо тарконидани бомби худсохт дар дохили метрои Санкт Петербург дар рӯзи 3-уми апрел 15 нафарро куштва 60 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Хабаргузории Интерфакс навиштааст, ки “нақши Аброр Азимов дар ҳамла ба метро таҳқиқ мешавад.” Айни гузоришро хабаргузории ТАСС ҳам нашр кардааст.

То кунун ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия дар робита ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Санкт Петербург, дуввумин шаҳри бузурги кишвар 9 нафар ва аксаран зодагони Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Акбарҷон Ҷалилов, ки ба гуфтаи мақомоти Русия бомби худсохташро дар дохили метро тарконд, зодаи Қирғизистон буда ва баъдан шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG