Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Кореяи Ҷанубӣ савганд ёд кард


Мун Чже Ин - президенти Кореяи Ҷанубӣ

Президенти нави Кореяи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ини 64-сола дар нахустин паёмаш ҳамчун раҳбари давлат гуфт, фавран ба ҳалли буҳрони амниятӣ дар ҷазираи Корея машғул мешавад.

"Агар зарур шавад, ба Вашингтон, ба Пекин, ба Токио хоҳам рафт ва агар шартҳое ҳам пеш ояд, аз Пхенян низ боздид мекунам", - афзуд ӯ.

Интизор меравад, Мун барои аз байн бурдани ҷудоие, ки дар пайи рафтани президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе дар ҳукумати ин кишвар ба вуҷуд омадааст, даст ба тағйироти кадрии ҷиддӣ бизанад. Пак дар натиҷаи як моҷарои фасод маҷбур шуд, ки аз мақомаш канор равад.

Президенти нави Кореяи Ҷанубӣ ваъда кард, ки кишварашро аз ин моҷарои фасод наҷот хоҳад дод. Ӯ маъмурияти пешинро танқид кард, ки натавонист, ба рушди барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ монеъ шаванд.

Шумори раъйдиҳандагон дар интихоботи ахири президентии Кореяи Ҷанубӣ тайи 20 соли ахир бесобиқа будааст. Мун дар ин интихобот 41,1% ва рақиби муҳофизакораш Хон Ҷунпхё 25,5%-и раъйи мардумро ба даст оварданд.

Видеоҳои охирин

Ҳаёҳуи мухлисони дастаи Эрон дар Қазон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG