Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати картошка дар Ӯзбекистон чаҳор баробар боло рафт


Дар моҳҳои охир нархи картошка дар Ӯзбекистон наздики чаҳор маротиба боло рафт.

Дар бозорҳои шаҳри Тошканди ин кишвар як кило картошка то 8 ҳазор сӯм - муодили 8,5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта картошка дар ин кишвар ҳамагӣ 1,5 ҳазор сӯм (наздики 2 сомонӣ) арзиш дошт.

Дар бархе аз вилоятҳои Ӯзбекистон мақомот ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти арзон ташкил карданд. Аммо ин иқдом натавонист нархи картошкаро поин орад.

Болоравии нархи маҳсулот дар Ӯзбекистон бо мусоид наомадани обу ҳавои соли гузашта рабт дорад. Соли гузашта дар ин кишвар каме бештар аз 2,6 миллион тонна картошка ҳосил шудааст.

Мақомоти Ӯзбекистон ният доранд, то соли 2020 ҳосили картошкаро ба 3,6 миллион тонга расонанд.

XS
SM
MD
LG