Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди ҷазо барои ба ихтиёри ҷинояткорон додани симкортҳо


Мақомот пешниҳод кардаанд, ки барои ба ихтиёри афроди ҷинояткор додани симкортҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ таъин шавад. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 5 май гуфтанд, ин тасмим аз сӯи намояндагони ин ниҳод, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқа гирифта шуда, тарҳи қонун ба зудӣ ба ҳукумат фиристода хоҳад шуд. Ин гуруҳ пешниҳод кардаанд, барои фурӯши ғайриқонунии симкортҳои мобилӣ ва истифодаи он аз тарафи шахси дигар ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шавад. Ҳоло дар Тоҷикистон маъракаи сабти дубораи симкортҳо ҷараён дорад. Моҳи марти имсол фаъолияти аксар марказҳои дилерӣ дар Тоҷикистон, ки ба хариду фурӯши SIM-корти телефонҳои мобил машғул буданд, қатъ шудааст. Феълан ҳаққи фурӯши SIM-кортҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои хориҷӣ танҳо ба ду ширкат – "Ошно-групп" ва "О мобайл" фароҳам гардидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG