Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони иншоот дар атрофи ёдгориҳои таърихӣ манъ мешавад


Дар пайи ислоҳи Қонуни “Ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” бунёди ҳама гуна иншоот дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон мамнӯъ шуд. Чунин тағйирот ба қонун дар иҷлосияи парлумонии рӯзи 3 май дар Душанбе ворид шуд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 3 май ба ҳангоми баррасии ин санад дар иҷлосияи парлумон гуфт, ки то ҳол дар бештари объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҳатто дар ҳудуди ёдгориҳои маъруфи Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор ва Саразм мардум ба таври ғайриқонунӣ манзилҳои зист бунёд кардаанд.

Ба гуфтаи вай, бо ислоҳи Қонуни “Ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар, ки дар ҳудуди ёдгориҳи таърихию фарҳангӣ сохта шудаанд, тахриб хоҳанд шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG