Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Владимир Путин ва Ангела Меркел дар Сочӣ


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Сочӣ мулоқот кард. 2 Майи соли 2017
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Сочӣ мулоқот кард. 2 Майи соли 2017

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки дар робита ба Украина ниёз ба таҳияи созишномаҳои нав нест, қарордоди Минск бояд иҷро шавад. Меркел дар ин бора рӯзи 2 май баъди мулоқот бо Владимир Путин изҳорот дод. Мулоқоти ду раҳбар дар Сочӣ баргузор шуд. Меркел ҳамчунин гуфт, ки дар Донбасс бояд интихоботи комил баргузор шавад.

"Мо албатта мехоҳем, ки Украина ба марзҳои давлатиаш дастрасӣ пайдо кунад. - ин як бахши қарордоди Минск аст ва баъдан қарорҳои сиёсӣ қабул шаванд, ки ҳадафи онҳо баргузории интихоботи маҳаллӣ хоҳад буд"- гуфт садри аъзами Олмон.

Меркел ва Путин ҳамчунин атрофи ҷанги шашсолаи Сурия сӯҳбат карданд. Путин ба "таҳқиқи бетарафона"-и истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Идлиб, ки моҳи гузашта 80 нафарро кушта ба ҷо гузошт, таъкид кард.

Путин ҳамчунин гуфт, ки Русия барои дарёфти роҳи ҳалли низои Сурия ба кӯмаки Ийолоти Муттаҳида ниёз дорад.

Садри аъзами Олмон гуфт, ки ӯ бо Путин боздоштҳои ахирро дар тазоҳуроти зидди фасод ва гузоришҳои матбуотӣ оиди таъқиби ҳамҷинсгароён дар Чеченистонро матраҳ кард.

Раиси ҷумҳури Русия аз фаъолияти пулиси кишвараш дар ин замина ҳимоят кард ва гуфт, ки пулиси Русия дар муқоиса бо ҳамтоҳои аврпуоӣ бештар худдорӣ нишон додааст."

Баҳонаи расмии ин мулоқот, ки бо танаффуси дусола баргузор шуд, омодагӣ ба нишасти "20- гонаи бузург" буд. Ин нишаст моҳи июли соли равон баргузор мешавад.

Муносибати ду кишвар баъди нақши Маскав дар низои Украина ва ишғоли Қрим шадидан сард шуд.

XS
SM
MD
LG