Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали ИМА: Путин зидди манфиатҳои мардуми Русия амал мекунад


Мушовири амнияти миллии ИМА, генерал-лейтенант Ҳерберт Раймон МакМастер гуфт, ки президент Владимир Путин бо ҳамкориҳояш бо президенти Сурия Башор Асад ва кӯмакаш ба Толибон дар Афғонистон зидди манфиатҳои мардуми Русия амал мекунад. Зимни суханрониаш дар барномаи телевизионии Fox News Sunday рӯзи 30 апрел генерали артиш гуфт, ки пеш аз он ки равобити миёни ду кишвар беҳбуд ёбад, ИМА бояд шоҳиди “тағйирот дар рафтори” Русия шавад. Изҳороти МакМастерро ҳамчун ишора ба мавқеи президент Доналд Трамп дар робита бо сиёсати Русия арзёбӣ мекунанд.

Дар давоми маъракаи интихоботиаш ва дар рӯзҳои аввали сари қудрат омадани Трамп ӯ аз Путин ба унвони як раҳбари қавӣ ситоиш кардааст. Вале баъди ин робитаҳои байни ду кишвар дар масоили марбут ба Сурия, Эрон, Украина, Афғонистон ва нуқоти дигар тағйир ёфт. Ба саволи ин ки то куҷо баъди шурӯи мӯҳлати президентии Трамп дар 20 январ робитаҳои Маскаву Вашингтон беҳбуд ёфтааст, МакМастер гуфт, ки ба назари ӯ ин ҳамкориҳо “хуб ё бад нашуданд”. Вай гуфт, “аз он чи ки мо мебинем, яъне ишғоли Қрим, вуруд ба хоки Украина, пуштибонӣ аз режими кушандаи Сурия ва ҳоло – мусаллаҳсозии Толибон – ҳамаи ин, бешубҳа, алайҳи манфиатҳои Русия аст, бахусус, он чи ки марбут ба робитаҳо бо Асад дар Сурия ва мусаллаҳсозии Толибон мебошад.

Вай дар идома гуфт, ки кӯмакҳои Русия ба як гурӯҳ дар минтақа метавонад боиси осеби Русия аз ҷониби гурӯҳҳои фаъоли дигар шавад. Вай гуфт: “Гурӯҳҳои Толибон якмаром ва ё ягона нестанд. Онҳо бо ҳамдигар ҳам ихтилоф доранд”. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳайати Толибон Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва гурӯҳҳои дигар амал мекунанд, ки ба худи Русия ҳам таҳдид мекунанд. Вай афзуд, коре, ки президенти Русия мекунад, алайҳи манфиатҳои мардуми ин кишвар равона шудааст. Вай гуфт, ки ИМА хостори тағйири рафтори Русия мебошад.

XS
SM
MD
LG