Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои эътилоф дар Ироқу Сурия садҳо сокини осоиштаро куштанд


Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ, ки зидди гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия меҷанганд, аз соли 2014 то ба ҳол 352 сокини осоишта ҷон додаанд. Ин иттилоъро мақомоти низомии ИМА 30 апрел нашр карданд. Вале расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, нишондоди мазкур камтар аз онест, ки гуруҳҳои мустақил қайд мекунанд. Ба ҳисоби гуруҳи нозирони Airwars, зарбаҳои ҳавоии эътилоф ҷони беш аз 3 ҳазор сокини осоиштаро рабудаанд.

Пентагон аз ин "талафоти ғайричашмдошт" миёни сокинони осоишта таассуф хӯрда, ба наздикону пайвандони шахсоне, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии ҳампаймононаш кушта шудаанд, "ҳамдардии амиқ" баён медорад. Дар изҳороти Пентагон омадааст, ки пеш аз анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ тамоми чораҳои эҳтиётӣ андешида шуда буд, вале бо вуҷуд, зарбаҳо талафоти ҷонӣ бар ҷой гузоштанд. Амалиёти ҳарбии ИМА зидди тундравон соли 2014, баъди он оғоз шуд, ки гуруҳҳои ифротгаро минтақаҳои васеи Ироқ, аз ҷумла дувумин шаҳри бузурги он -- Мавсилро тасарруф карданд.

XS
SM
MD
LG