Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти даҳҳо нафар дар тазоҳуроти зидди Владимир Путин


Пулиси Русия даҳҳо тан аз иштирокдорони тазоҳуроти зидди Владимир Путин дар чандин шаҳри ин кишварро боздошт кардааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Санкт-Петербург беш аз 100 нафар дастгир шуда, бархеи онҳо бидуни кадом иттиҳом раҳо гардиданд. Аммо баъзеи онҳо барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор шудаанд.

Эътирозгарон рӯзи 29 апрел бо шиори “Бас аст” аз раиси ҷумҳури Русия хостанд, ки дар интихоботи соли ояндаи президентӣ дар ин кишвар иштирок накунад. Ин тазоҳурот аз тарафи созмони “Русияи боз” ташкил шуд. Се рӯз пеш аз эътирозҳо мақомоти Русия барои манъи фаъолиятҳои ин созмон иқдом карда буданд. Созмони “Русияи боз” аз сӯи Михаил Ходорковский таъсис ёфтааст.

Ходорковский, сарватманди маъруф ва раҳбари пешини ширкати ЮКОС, роҳандозии ин тазоҳуротро комёбӣ хондааст. Вай дар як навори видеоӣ дар Ютуб гуфтааст, “мардум мутобиқи қонун амал карданд ва комилан ҳақ доштанд, ки хостҳои худро дар рӯзи истироҳаташон ба идораи раёсати ҷумҳурӣ баранд.” Аммо мақомоти Русия ин маъракаро дар баъзе шаҳрҳои ин кишвар ғайриқонунӣ хонданд.

Созмондиҳандагони тазоҳурот низ гуфтанд, ки қарор буд, эътирози онҳо дар 32 шаҳру минтақаи Русия баргузор шавад, аммо мақомот танҳо дар 11 шаҳр барои баргузории ин маъарка иҷозат додаанд. Владимир Путин аз соли 2000-ум зимоми қудрат дар Русияро дар даст дорад. Вай дар солҳои 2008-2012 нахуствазири Русия буд. Дар сурати пешбарии номзадиаш дар интихоботи соли оянда ин давраи чаҳоруми раёсаташ хоҳад буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG