Дар пайи задухурде, ки рӯзи панҷшанбе дар порлумони Македония рух дод, нӯҳ нафар, бо шумули раҳбари мухолифин Зоран Заев захмӣ шуданд. Нооромӣ дар ҳоле сар зад, ки намояндаи яке аз ҳизбҳои маҳаллии албанӣ раиси порлумон интихоб шуд.
Аз шумори 120 намояндаи порлумон 61 нафар ба ҷонибдорӣ аз Талат Ҷафарӣ овоз доданд. Хабарнигорон мегӯянд, ки баъди эълони натиҷаи райъдиҳӣ, тазоҳургарон ба порлумон тохта, раҳбари ҳизби иттиҳоди Сотсиал -демократҳо Зоран Заевро ва боз чанд намояндаи мардумиро латту кӯб карданд. Пулис ба даргирӣ дахолат кард ва даҳҳо намояндаи мардумӣ ва хабарнигоронро аз бино берун овард. Гуфта мешавад, ки бисёре аз зарардидагон аз ноҳияи сар осеб бардоштаанд.
Раиси ҷумҳури Македония Георг Иванов ҳамаи нерӯҳои сиёсиро ба муколама ва эҳтироми низоми ҳуқуқӣ даъват кард. "Ман аз раҳбарони ҳизбҳои порлумонӣ даъват мекунам, ки ҷамъ шаванд ва гузинаҳои берунрафт аз бӯҳронро ҷустуҷӯ кунанд"- гуфт Иванов шоми панҷшанбе.
Аҳзоби асосии ин кишвар ВМПО-ҳизби ҳокими "Созмони инқилоби дохилии Македония", "Ҳизби Демократии ягонагии Македония"-и нахуствазири собиқ Никол Груевский, ва ҳизби мухолифини Сотсиал- Демократ, раҳбараш шарҳдори Струмитса Зоран Заев номбар мешаванд.
Ҳизби ҳоким, ки дар интихоботи 11 декабри соли гузашта пирӯзӣ ба даст овард, аммо натавонист эътилоф таъсис диҳад, ҳафтаҳо боз аз таъсиси эътилофи Заев бо ҳизбҳои маҳаллии албанӣ ҷилавгирӣ мекунад.
Тазоҳургарон аз президент Иванов, ки бо вуҷуди пуштибонии қавии порлумон аз Заев ба ӯ ваколат намедиҳад, ки ҳукумати навро ташкил кунад, ситоиш мекунанд.
Аз замони истиқлолияти Македония аз Югославия, Ҷафарӣ аввалин албаниест, ки раиси порлумон интихоб мешавад.
Чаҳоряки аҳолии беш аз 2 миллионии Македония решаҳои албанӣ доранд.
Соли 2001, баъди шӯриши мусаллаҳонаи албаниҳо, Македония басахтӣ аз як ҷанги шаҳрвандӣ ҷилавгирӣ кард.