Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бемористони маркази Берлин тирандозӣ ҷараён гирифт


Пулиси Олмон баъди тирандозӣ минтақаро таҳти назорат қарор дод. 27 апрели соли 2017

Дар бемористони ёрии таъҷилӣ, воқеъ дар маркази Берлин, тирпарронӣ сурат гирифт. Дар пайи ҳамлаи як нафари ношинос корманди пулис захмӣ шуд.

Ҷойи ҳодиса дар ноҳияи Кротсберг дар иҳотаи пулис қарор гирифт. Тафтиш ҷараён дорад ва ангезаҳои ҳамлаи ин шахси ношинос ба пулис таҳқиқ мешаванд.

Баъди амалиёти террористии соли гузашта чораҳои амниятӣ дар пойтахти Олмон таҳким ёфтанд. 19 декабри соли 2016 мошини боркаш тӯдаи мардумро дар бозори кристмас ҳадафмандона пахш кард. Дар ин ҳодиса 12 нафар ҳалок ва 48 тан захмӣ шуд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG