Пайвандҳои дастрасӣ

Нишона ҳангоми "селфи" дар дарёи Вахш ғарқ шуд 


Як хонандаи мактаби таҳсилоти миёна дар шаҳри Норак ҳангоме, ки мехост акси худро ба телефон бардорад, ба дарёи Вахш афтода эҳтимолан ҷони худро аз даст дод. Нишона Умарова, хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 3-и шаҳри Норак мехост "селфи" ё акси худро ба телефони ҳамроҳ бардорад. Аз ҳукумати шаҳри Норак гуфтанд, ки ғарқ шудани хонандаи мактаб шоми рӯзи 26 апрел сабт шудааст, вале чун ҳоло оби дарёи Вахш баланд аст, аз худи духтар ва ҷасади ӯ ҳанӯз дараке нест.

Аз мақомоти шаҳри Норак ин хабаро тасдиқ карда гуфтаанд, ки ин хонандаи мактаб ду рӯзи пеш бо як ҳамсинф ва дугонааш баъди барои аксгирӣ ба канори дарёи Вахш рафта дар об лағжидааст, вале касе ӯро натавонистааст наҷот диҳад.

Алимурод Исмоилов, мудири маориф ва илми шаҳри Норак дар суҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 27 апрел гуфт, ин хонанда, ки бо як ҳамсинф ва як духтари ҳамсояашон будааст, баъди дарси аввал ба бозори шаҳр ба назди модараш ва аз онҷо барои аксгирӣ ба назди дарё рафтааст.

Маълумоте, ки дар ихтиёри муфаттишон қарор дорад, ошкор кардааст, ки ин духтар як ҳафтаи пеш аз модараш як телефони ҳушманд туҳфа гирифтааст ва барои санҷидани аксҳои он ҳамроҳ бо дӯстонаш ба лаби дарё рафтааст.

Дар бораи ин ҳодиса масъулини Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ҳам огаҳ ҳастанд. Сухангӯи ин ниҳод Умеда Юсуфова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб ин духтарак дигар дар қайди ҳаёт нест, чунки ду рӯзи ҷустучӯҳо ҳанӯз натиҷа надодааст. Вай гуфт, ҳодиса рӯзи 26 апрел рух дод.

Як намояндаи аз ҳукумати шаҳри Норак низ гуфт, ки як ҷавони ин шаҳр хостааст, ки хонандаи мактабро наҷот диҳад, вале чун ба дарё паридааст, оби дарё тез ва баланд буда натавонистааст, ки хонандаи мактабро наҷот диҳад. Тибқи иттилои расмӣ, мақомот аз ҳамроҳони духтари ғарқшуда, роҳбарияти синфаш ва ҳам хонаводааш баёнот гирифтаанд, вале бо гузашти як рӯз ҷасади хонандаро пайдо накардаанд.

Файзулло Ҳусейнов, сардори кумитаи ҳолатҳои изтирории шаҳри Норак дар суҳбат ба радиои Озодӣ хабари марги хонандаро дар дарёи Вахш тасдиқ карда гуфт, ки чун вадапад ё шаршараи оби дарёи Вахш барои пур кардани оби нерӯгоҳи Бойғозӣ боз аст ва оби дарё баланд аст, ки наметавонад ғаввосҳои онҳо ҷасадро аз зери об ковтукоб кунад: "Оби дарё хеле баланд аст, ҳатто моҳидорҳоро мо гуфтем, ки дар сурати дидани ҷасад хабар диҳанд. Ҳамкорони мо ҷустуҷӯи ҷасади хонандаро идома медиҳанд, вале агар зери об монда бошад, шояд баъди 10 рӯз ба берун барояд."

Фоҷеае, ки бо Нишонаи наврас рух дод, ба нақли хешовандонаш, модарро аз пой афтонд. Умедҷон Тоҳиров, яке аз наздикони ин хонавода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки модар баъди дарёфти хабари ба дарё сарозер шудани духтараш бемор шуд. Ҳоло ҳама аъзои хонаводаву хешу табор дар Норак ҳастанд ва талош доранд дар ҷустӯҷӯи Нишона саҳм гузоранд.

Бо зиёд шудани домани истифодаи телефонҳои мобил дар Тоҷикистон ҳам доштани ин василаи мухобирот, бахусус дар миёни ҷавонон маъмул шудааст. Дар баробари муоширатҳои телефониву интернетӣ тавассути дастгоҳҳои ҳушманд, пахши аксу видеоҳои бардоштаи соҳибони телефон дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хеле густурда ба чашм мерасад. Дар бозору фурӯшгоҳҳои вижа пайдо кардани телефонҳои навъҳои навтарини телефонҳои ҳушманд дигар мушкил нест ва онҳое ҳам, ки имконияти пулии беҳтар доранд, талош мекунанд на телефони дасти ду, балки навъи нави телефонро ба даст оваранд.

Ҳарчанд барои Тоҷикистон марги инсон ба ҳангоми гирифтани акси селфӣ ҳодисаи нодир аст, хабаргузориҳои ҷаҳон дар бораи ҳалокати корбарони телефонҳои мобил дар чунин ҳолатҳо зиёд хабар додаанд. Вебсайти mashable.com ҳисоб кардааст, ки соли 2015 дар ҷаҳон 12 нафар ба ҳангоми гирифтани акси худ дучори фоҷеа ва кушта шудаанд. Дар бисёр ҳолатҳо талоши гирифтани акси ғайриоддӣ дар макони хатарноки мисли боми баландошёна, лаби кӯҳ ва ё дарё бо фоҷеа меанҷомад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG