Мансабдорони аршади маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 26 апрел ба сенаторҳо гуфтанд, ки ҳадаф доранд аз тариқи таҳримҳои шадид ва фишорҳои дипломатӣ, Кореяи Шимолиро ба даст кашидан аз мушакҳои ҳастаӣ ва барномаҳои мушакӣ маҷбур кунанд.
Якҷо бо ҳушдорҳои бамаротиби ҳафтаи ахир ба унвони Пхенян, ки дар онҳо амалиёти ҳарбӣ низ соқит намешуд, мақомоти расмии Вашингтон бо ҳайъати комили Сенат дар Кохи Сафед мулоқот карданд. Онҳо ба сенаторҳо гуфтанд, ки умедворанд кор ба амалиёти низомӣ накашад ва масъалаи музокирот бо Кореяи Шимолӣ барои маъмурияти ИМА ҳамчунон боз аст.
Котиби Давлатии Амрико Рекс Тиллерсон, вазири дифоъ Ҷейм Меттис ва раҳбари идораи миллии истихборот Дэн Коутс Кореяи Шимолиро таҳдид ба Амнияти ИМА унвон карданд. Ба гуфтаи ин мақомдорон Пхенян тавсеа ва эҳтимоли партоби мушаки ҳастаиро ҳадаф қарор додааст, ки метавонад ба ИМА зарба занад.
Мақомдорони аршади ИМА мегӯянд, "Амрико барои субот ва аз силоҳи ҳастаӣ орӣ будани нимҷазираи Корея талош мекунад ва барои расидан ба ин ҳадаф омодаи гуфтушунид аст, аммо чун ҳамеша аз шарикони худ ҳимоя мекунад."