Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моғеринӣ: Наметавон инро нодида гирифт, ки Маскав Қримро ишғол кард


Федерика Моғеринӣ бо Сергей Лавров
Федерика Моғеринӣ бо Сергей Лавров

"Сарфи назар аз баъзе ихтилофи назарҳо, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо аз шарикони муҳим боқӣ мемонанд", - гуфт Федерика Моғеринӣ, намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ рӯзи 24 апрел дар мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.

Моғеринӣ, ки бо нахустин сафари расмӣ ба Маскав рафт, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо хостори равобити беҳтар бо Русия аст, аммо наметавонад инро нодида бигирад, ки Маскав Қримро ишғол кард ва таҳримҳо низ боқӣ мемонанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, вонамуд кардани инки дар байни Русия ва Иттиҳоди Аврупо мушкили ҷиддӣ мавҷуд нест, маънӣ надорад.

Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар соли 2014 баъд аз ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия, алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG