Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти дипломати қирғиз бо ҷабрдидаи тирпарронӣ дар Хабаровск


Сарбозони Вазорати дохилии Русия баъд аз тирпарронӣ дар идораи амнияти Хабаровск кӯчаҳоро таҳти назорат гирифтанд. 21 апрели соли 2017
Сарбозони Вазорати дохилии Русия баъд аз тирпарронӣ дар идораи амнияти Хабаровск кӯчаҳоро таҳти назорат гирифтанд. 21 апрели соли 2017

Дипломати қирғиз бо қурбонии ҳамлаи мусаллаҳона ба идораи амнияти шаҳри Хабаровск, ки ба бовари мақомот дар заминаи қавмгароӣ анҷом шудааст, дар бемористон мулоқот кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қирғизистон Ойимхон Кулукеева ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди 37-солаи Қирғизистон Талант Ҷумъаев рӯзи 21 апрел дар ҷароёни тирпарронӣ дар идораи амнияти миллии Хабаровск захм бардошт. Кулукеева гуфт, ки консули Қирғизистон дар Хабаровск рӯзи 24 апрел ҷабрдидаро дар бемористон ҳолпурсӣ кард.

Мақомоти Русия мегӯянд, рӯзи 21 апрел як навраси мусаллаҳ дар идораи амнияти федеролӣ дар Хабаровск оташ кушода, як афсар ва як нафари дигарро, ки ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Қирғизистон шаҳрванди Узбакистон буд, кушта ба ҷо гузошт.

Ҳамлагар дар оташи ҷавобӣ ба ҳалокат расид ва Ҷумъаев ягона маҷрӯҳе аст, ки аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдааст.

Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, ки ба бовари мақомот ҳамлагар "дидгоҳи нео-фашистӣ ва ба намояндагони қавмҳои дигар нафрат дошт."

XS
SM
MD
LG