Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин дар Покистон истеъфои Навоз Шарифро талаб карданд


Тарафдорони Навоз Шариф
Тарафдорони Навоз Шариф

Мухолифин дар Покистон истеъфои нахуствазир Навоз Шарифро талаб карданд. Имрон Хон, раҳбари мухолифин, рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки Шариф ҳаққи маънавии дар мақом буданро надорад. Ин талаб замоне садо медиҳад, ки таҳқиқот дар мавриди ҳисобҳои молии хонаводаи нахуствазири Покистон давом дорад. Додгоҳи олии Покистон рӯзи 20 апрел эълон карда буд, то ҳол далели мувассақеро ба даст наовардааст, ки битавонад Навоз Шарифро аз вазифа барканор кунад. Вале додгоҳ гуфт, таҳқиқотро дар ин маврид идома медиҳад. Додгоҳи Покистон соли гузашта, баъд аз нашри “Авроқи Панама”, ки дар он номи фарзандони Навоз Шариф дар робита ба ҳисобҳое дар "оффшор" нашр шуда буд, ба таҳқиқи дороиҳои хонаводаи нахуствазир оғоз кард. Мунаққидони Шариф мегӯянд, ширкатҳои оффшорӣ ба хотири "шустушӯ"-и дороиҳои ғайриқонунӣ ва ё гурез аз андоз истифода шудаанд. Мухолифини Навоз Шариф таҳдид карданд, ки дар сурати таҳқиқ нашудани иттиҳомот, онҳо бо эътироз ба кӯчаҳо хоҳанд рехт. Шариф ва хонаводааш мегӯянд, ки ба ҳеҷ хилофкорие даст назадаанд.

XS
SM
MD
LG