Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико иҷрои созиши ҳастаӣ бо Эронро таҳқиқ мекунад. ВИДЕО


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Рекс Тиллерсон – котиби давлатии Амрико – созиши ҳастаӣ бо ҷумҳурии исломии Эронро, ки соли 2015 ба имзо расида буд, танқид кард. Ӯ гуфт, ин санад тавлиди силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Эронро танҳо ба таъхир гузошта, аз иғвоҳои ин кишвар дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ намекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

ИМА мутобиқати таваққуфи таҳрими Эрон ба манфиатҳои Амрикоро таҳқиқ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Тиллерсон таъкид кард, ки маъмурияти президенти Амрико дар як таҳқиқоти семоҳа на танҳо иҷрои созиши ҳастаӣ аз тарафи Теҳрон, балки мутобиқат ва ё мухолифати иқдомҳои ҷумҳурии исломӣ бо манофеи Иёлоти Муттаҳидаро арзёбӣ хоҳад кард. Котиби давлатии Амрико мегӯяд, созиш бо Теҳрон кишвари ҳастаӣ шудани Эронро фақат ба таъхир мегузорад, на бештар аз он.

Мақомдорони Эрон борҳо исрор варзидаанд, ки барномаи ҳастаии Теҳрон ҳадафҳои сирф осоишта дорад, вале Тиллерсон таъкид мекунад, ки ин барнома таҳдид ба назму суботи олам аст: «Эрон сарпарасти ҷаҳонии терроризм ва масъули амиқрафти чандин буҳрон ва поймол намудани манфиатҳои Амрико дар кишварҳое монанди Сурия, Яман, Ироқ ва Лубнон буда, ҳамлаҳо болои Исроилро дастгирӣ мекунад. Эрони дур аз назорат метавонад, роҳи Кореяи Шимолиро пеш гирифта, ҷаҳонро аз паси худ барад.»

Рекс Тиллерсон хотирнишон кард, ки Эрон алайҳи Амрико ҳамлаҳои кибернетикӣ роҳандозӣ намуда, аз ҷумла дар сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон нақш доштааст.

XS
SM
MD
LG