Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллоро барои амри маъруф дар осоишгоҳ ба додгоҳ кашиданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Имомхатиби масҷиди "Саидҷалолхоҷа"-и вилояти Намангони Узбакистон Аҳмадҷон Эшматов моҳи ҷорӣ ба додгоҳ ҷалб шуд. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд.

Хабар дода мешавад, имоми 44-сола дар осоишгоҳи "Чаткал", ки ба Иттифоқи касабаи Узбакистон тааллуқ дорад, дар бораи қонунҳои шариат ба истироҳкунандагон амри маъруф кардааст.

Дар натиҷа, имом, ки бе иҷозат амри маъруф карда буд, тибқи моддаи "вайрон кардани тартиботи таълими динӣ" айбдор шуд. Додгоҳ ӯро 10 маоши ҳадди ақал ҷарима баст.

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон имомро ҳушдор додааст, ки дар сурати такрори амри маъруфи беиҷозат ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда хоҳад шуд.

Дар Узбакистон таблиғоти динӣ бидуни маълумоти махсус ва иҷозати Идораи динии мусалмонон манъ аст.

XS
SM
MD
LG