Вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов гуфт, марзҳои мувофиқашуда тариқи созишнома тасдиқ мешаванд. Дар мулоқот бо рӯзноманигорон вай гуфт, президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев омодаи сафар ба Узбакистон аст.
"Мо дар бисёре аз самтҳои ҳамкорӣ бо Қирғизистон муваффақ шудем. Ба вижа, дар масъалаи ҳассосе мисли муайянсозӣ ва аломатгузории марз. Имрӯз мо қариб ҳазор километрро мувофиқа кардем ва омодаем, ки созишнома ба имзо расонем ва таърих сабт кунем, ки ин марзҳо аз ду ҷониб эътироф шудаанд", - гуфт Комилов.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ тасдиқ кард, ки сафари Отамбоев ба Узбакистон дар ҳоли ҳамоҳангист.
Узбакистону Қирғизистон 1378 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин ҳисса 320 километраш ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Дар маҷмуъ, дар марзи ду кишвар 58 минтақаи баҳсӣ мавҷуд аст.