Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Иқдоми якҷонибаи низомӣ алайҳи Пхенян "масири хатарнок аст"


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, умедвор аст, ки Иёлоти Муттаҳида алайҳи Кореяи Шимолӣ иқдоми якҷонибаи, ба гуфтаи ӯ, "бисёр пурхатар"-ро, ки чанде пеш дар Сурия ба кор бурда буд, анҷом намедиҳад.

Лавров рӯзи 17 апрел ба изҳороти Майк Пенс, ноиби раиси ҷумҳури Амрико, вокуниш кард, ки рӯзи гузашта бо ишора ба талошҳои Пхенян барои тавлиди бомбаи ҳастаӣ гуфт, "давраи сабурӣ дар баробари Кореяи Шимолӣ ба поён расид".

Лавров дар айни замон "фаъолиятҳои ҳастаии бемулоҳиза"-и Кореяи Шимолиро маҳкум кард, вале гуфт, агар ҳарфҳои Майк Пенс ба маънои иқдоми якҷонибаи низомӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ бошад, "пас, ин масири бисёр хатарнок аст".

XS
SM
MD
LG