Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди нозирони байнулмилалӣ аз референдуми Туркия


Нозирони байналмилалӣ аз раъйпурсии 16 апрели Туркия, ки салоҳиятҳои президент Раҷаб Эрдуғонро густариш дод, интиқод карданд. Ба баҳои онҳо, ин маъракаи Туркия дар "майдони ноҳамвор" баргузор шуда, ҳисоби раъйҳоро тағйироте, ки дар охирин лаҳзаҳо ворид гашт, хадчадор кард.

Намояндагони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Шӯрои ассамблеяи порлумонии Аврупо (ШАПА) бо нашри як изҳороти муштарак рӯзи 17 апрел гуфтанд, ки "заминаҳои ҳуқуқӣ барои баргузории як раъйпурсии воқеан демократӣ дар Туркия кофӣ набуданд".

Раҳбари ҳайати Бюрои САҲА дар умури институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон Тана де Зулуэта 17 апрел афзуд, ки раъйпурсии Туркия ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд. Ӯ изҳор дошт, ки раъйгирӣ дар вазъияти изтирорӣ сурат гирифт ва одамоне, ки маҷбур буданд, хонаҳои худро ба далели амалиёти таъмини амният тарк кунанд, бахусус сокинони минтақаҳои курднишин дар ҷанубу шарқи Туркия ҳини раъйдиҳӣ бо мушкил рӯбарӯ шуданд.

"Мо ҳамчунин дар маъракаҳои интихоботӣ нобаробарии назаррасеро мушоҳида кардем. Ин нобаробариро иштироки фаъоли президент ва як чанд мансабдори бонуфузи миллӣ ва бисёре аз мақомҳои давлатӣ, ки барои додани раъйи мусбат дар раъйпурсӣ даъват мекарданд, ба миён овард", - қайд кард ӯ.

Раҳбари ҳайати мазкур гуфт, шиорҳои интихоботиро бархе аз мансабдорони баландпояи давлатӣ, ки ҷонибдорони "не"-ро ҷонибдорони терроризм меномиданд, доғдор карданд. Раҳбари ҳайати нозирони ШАПА Тсезар Флорин Преда 17 апрел дар Анқара ба хабарнигорон гуфт, "дар рафти маъракаҳои таблиғотӣ ҷонибҳо имкониятҳои баробар надоштанд".

XS
SM
MD
LG