Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати қонунгузорони Британия барои лағви шаҳрвандии ҳамсари Асад


Асма ал-Асад, ҳамсари президенти Сурия ҳангоми сӯҳбат бо занҳои маҳаллӣ.
Асма ал-Асад, ҳамсари президенти Сурия ҳангоми сӯҳбат бо занҳои маҳаллӣ.

Қонунгузорони Британия аз ҳукумати ин кишвар даъват карданд, ки бинобар пуштибонӣ аз ҳукумати шавҳараш дар тули ҷанги шашсола, шаҳрвандии ҳамсари Башор Асадро бекор кунад.

Том Брейк, узви порлумон аз ҳизби Либерал - Демократи Британия рӯзи 16 апрел Асма ал-Асадро ба он муттаҳам кард, ки бо истифода аз шӯҳрати байналмилалиаш аз ин "режими барбариёна" ҳимоят мекунад.

Асма ал-Асад собиқ сармогузори бонкӣ аст, ки соли 2000 бо Башор Асад издивоҷ кард. Ӯ дар хонаводаи суриягиҳои Лондон таваллуд шудааст.

Вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон аз кишварҳои дигар ҳам даъват кард, ки бештар ба масъалаи Сурия машғул шаванд, аммо ҳукумати Британия ба Асма ал-Асад мегӯяд, ки "ё пуштибонӣ аз амалҳои ваҳшиёнаи ҳукумати Асадро бас кунед, ё шаҳрвандии худро аз даст медиҳед",- гуфт Том Брейк.

Асма ал Асади 41 сола шабакаҳои иҷтимоиро барои ҳамла ба мунақидони ҳукумати ҳамсараш истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG