Пайвандҳои дастрасӣ

Референдуми “таърихӣ” барои тағйири низоми сиёсӣ дар Туркия


Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раъйдиҳандагон дар Туркия рӯзи 16 апрел тасмим хоҳанд гирифт, ки ба Қонуни асосии он кишвар тағйирот ворид шавад, ё на. Дар сурати тарафдории раъйдиҳандагон аз ислоҳи Қонуни асосии Туркия, ҷойи низоми порлумонии ҳоким дар ин кишварро низоми президентӣ хоҳад гирифт. Камол Қиличдороғлу, раҳбари ҳизби мухолифи ҳукумати Туркия, рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ дар Истанбул гуфт, “биёед, ҷумҳуриро ҳифозат кунем, биёед, худро ба хатар наандозем ва ҷумҳурии худро тахриб накунем. Биёед, болои ояндаи тифлони азизи худ шарт набандем.” Дар сурати қабули ислоҳҳо ба Қонуни асосии Туркия, салоҳиятҳои раиси ҷумҳур афзоиш меёбад. Бар асоси ин тағйирот, вай ҳаққи эълони вазъияти фавқулода, таъини вазирону мақомоти дигари баландпоя ва пароканда кардани порлумонро ба даст хоҳад овард. Инчунин, бар асоси ин тағйирот, раиси ҷумҳур метавонад, то соли 2029 дар сари қудрат бимонад. Тарафдорони президенти кунунии Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯянд, ки ислоҳи Қонуни асосӣ суботро таъмин хоҳад кард, аммо мухолифонаш аз маҳдуд шудани озодиҳо нигаронанд. Эрдуғон соли 2014 ба мақоми раёсати ҷумҳури Туркия нишаста буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG