Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот дарвозаи масҷиди Озодиро шикастанд


Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ҳудуди масҷиди Озодиро, ки соли 1990 бунёд шудааст, хурдтар мекунанд. Дар ҳоли ҳозир тахриби дарвоза ва девори атрофи ин масҷид, ки дар чаҳорроҳаи хиёбонҳои Хоҷа Муҳаммади Ясавӣ ва Андалеб ҷойгир аст, ҷараён дорад.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсуҳбатони бахши туркмании Радиои Озодӣ Оразмуроди 70-сола, дарвоза ва девори атрофи масҷидро барои васеътар гардондани чорроҳа тахриб мекунанд. "Ба ҳар сурат, масҷидро вайрон накарданд. Танҳо дарвоза ва девори атрофи онро як метр дарунтар дароварданд. Бинобар ин, хеле миннатдорем. Агар аз фурсат истифода карда, масҷидро ҳам тахриб мекарданд, касе чизе гуфта наметавонист", - афзуд Оразмурод.

Тайи 15 соли ахир дар пойтахти Туркманистон ба камияш 7 масҷид, аз ҷумла масҷидҳои Ҳазрати Умар, Имом Ризо ва Ҳазрати Алӣ, ки дар солҳои гуногун бо пули сокинон бунёд гашта буданд, тахриб шудаанд. Ба гуфтаи Оразмурод, сокинони маҳаллӣ аз хурд шудани ҳудуди масҷиди Озодӣ норозиянд, зеро то ҳол пиёдароҳҳои атрофи он барои касе тангӣ накарда буд.

"Дили раҳбарони мо ба чизе намесӯзад. Бубинед, чи хел дарвозаҳои баланду зеборо вайрон мекунанд. Илова бар ин, харҷи ин корҳо на аз ҳисоби давлат, балки аз хайрияи мардум пардохт мешавад", - изҳор дошт мӯйсафед.

XS
SM
MD
LG