Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти омӯзгори 58-сола барои нигоҳдории “Калашников”


Мақомоти пулиси вилояти Суғд Шодмонқул Туқузбоев, омӯзгори 58-сола дар ноҳияи Шаҳристонро барои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи “Калашников” боздошт кардаанд. Ин ҳодиса рӯзи 12 апрел сурат гирифта, ташхиссилоҳи ӯро “коршоям” гуфтааст.

Худи омӯзгор дар бозпурсии аввалия гуфтааст, силоҳи “Калашников” ва якмилаи рахпечи “ТОЗ - 8”-ро соли 1999, вақте ба ҳайси ҷангалбон кор мекард, дар як ғор пайдо намуда, вале ба мақомот хабар надода буд. Ахиран онҳоро ҳангоми ба нафаре фурӯхтан боздошт шудааст. Аз нафари харидор ном бурда намешавад ва ба гуфтаи манобеъ аз пулис, “ӯ харидори шартӣ ва корманди ин ниҳод буд”.

Пулиси Истаравшан нисбат ба омӯзгори 58-сола парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Қонунҳои Тоҷикистон барои ихтиёрӣ супурдани силоҳ шахсро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунанд. Вале дар сурати ғайр, ҷазои ҷарима аз як то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабс таъин карда шудааст.

Бар пояи иттилои раёсати корҳои дохилии Суғд, дар соли гузашта аз сокинон дар минтақа 241 аслиҳаи оташфишони гуногунтамға, ба шумули 21 туфангча, 14 аслиҳаи милаш рахпеч ва 206 суфтамил дарёфт ва мусодира шудааст. Ҳамчунин барои тасарруфи аслиҳаи оташфишон як нафар ва барои ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳаи оташфишон 15 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG