Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба қатъномаи Шӯрои амният дар бораи Сурия вето гузошт


Владимир Сафронков

Русия ба қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки истифодаи режими Башор Асад аз силоҳи ҳастаиро дар Сурия маҳкум мекунад, вето гузошт. Қатъномаи пешниҳодкардаи кишварҳои Ғарб ба далели узви доимии Шӯрои амният будани Русия қабул нашуд.

Ин қатънома ҳамчунин аз Димишқ талаб мекард, то дар бораи тамоми амалиёти ҳавоӣ, ки рӯзи ҳамлаи кимиёӣ анҷом шудаанд, маълумот пешниҳод кунад. Санади таҳиякардаи кишварҳои Ғарб даҳ раъйи заруриро барои тасвиб шудан ба даст овард, вале намояндаи доимии Русия дар СММ Владимир Сафронков вето гузошт.

Русия бори ҳафтум аст ба қатъномаҳое, ки амалҳои режими Асадро дар Сурия маҳкум мекунанд, вето мегузорад. Даҳ узви Шӯрои амният аз қатънома ҷонибдорӣ карда, Русия ва Боливия зид баромаданд. Се кишвари дигар бо шумули Чин аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Москва мегӯяд, аз силоҳи кимиёӣ дар вилояти Идлиби Сурия мухолифони Башор Асад истифода кардаанд. Вале ба гуфтаи ИМА, тамоми далелҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳамлаи кимиёӣ президент Асад гунаҳкор аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG