Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номзадҳои интихоботии Эрон шурӯъ шуд


Мустафо Мирсалим, як коргари собиқадори давлатӣ рӯзи 11 апрел аризаи номзадиашро супурд
Мустафо Мирсалим, як коргари собиқадори давлатӣ рӯзи 11 апрел аризаи номзадиашро супурд

Дар Эрон сабти номи номзадҳои интихоботи президентии рӯзи 19 май шурӯъ шуд. Барои сабтином панҷ рӯз мӯҳлат дода шудааст. Номзадҳои эҳтимолиро Шӯрои нигаҳбон, як гурӯҳи пурқудрати рӯҳониёни муҳофизакор, ки маъруф ба манъи ширкати номзадҳои озодихоҳу ислоҳталаб ва ҳам занон мебошад, тасдиқ ё рад мекунад. Феҳрасти номзадҳои тасдиқшуда, қарор аст, рӯзҳои 26 ва 27 апрел аз ҷониби Вазорати умури дохилии Эрон нашр шавад. Президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам ният дорад, ки номзадиашро дар даври навбатии интихобот пешбарӣ кунад. Рӯзи 10 апрел, дар остонаи шурӯи қабули аризаи номзадҳои интихоботӣ дар як нишасти хабарӣ Рӯҳонӣ аз сиёсатҳои худ ҳимоят кард. Дар миёни онҳое, ки барои сабти номи номзадиашон дар интихобот рӯзи 11 апрел ариза додаанд, собиқ вазири фарҳанг ва як зиндонии собиқи сиёсӣ ҳам мебошанд.

XS
SM
MD
LG