Пайвандҳои дастрасӣ

Алексей Навалний баъди 15 рӯз аз боздошт раҳо шуд


30 март, додгоҳ

Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний баъди анҷоми мӯҳлати 15-рӯзаи ҳабси маъмуриаш ба озодӣ баромад. Дар ин бора як ёвари ӯ хабар дод. Интизор мерафт, ки Навалний рӯзи 10 апрел аз боздоштгоҳе дар шимоли Маскав озод мешуд. Вале лаҳзаҳое, ки журналистону тарафдораш барои пешвозаш баромада буданд, ёвараш Леонид Волков гуфт, ки Навалний ба як боздоштгоҳи дигар дар Маскав интиқол дода шуд ва аз он ҷо рӯзи 10 апрел ба озодӣ баромад.

Навалний рӯзи 27 март, як рӯз баъди эътирозҳои зиддифасод, ки дар маркази Маскав ташкил кард, ба ҳабси 15-рӯзаи маъмурӣ маҳкум шуд. Ҳукумат гуфт, ки ин эътирозҳо ғайриқонунӣ буд ва эътирозгарон бо ин раҳпаймоиҳои худ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карданд. Рӯзи 26 апрел дар даҳҳо шаҳри саросари Русия ҳазорҳо нафар зидди фасодкории мақомот ба хиёбонҳо баромаданд. Ин бузургтарин эътирозҳои мардумӣ баъди солҳои 2011-2012 буд.

Хабарнигорон дар интизори Навалний ҷамъ омадаанд
Хабарнигорон дар интизори Навалний ҷамъ омадаанд

Он замон ҳам бо даъвати Навалний, ки таҳқиқоти зиддифасод мебарад, эътирозҳо ташкил шуда буд. Дар паи намоишҳои ахир танҳо дар шаҳри Маскав беш аз 1000 нафар боздошт шуданд. Дар таҳқиқоти ахири Навалний фасодкорҳои нахуствазир Дмитрий Медведев фош шуд, ки бино ба таҳқиқоти ӯ, дар дохил ва хориҷи Русия чандин моликияти ғайриқонунии хусусӣ доштааст. Навалний, як мунаққиди шадиди сиёсати президент Владимир Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия номзад шуданӣ аст, вале интизор меравад, ки худи Путин як давраи навбатии шашсола дар сари қудрат бимонад.

Дар нахустин вокунишаш ба интиқодҳои Навалний ҳафтаи гузашта Дмитрий Медведев иттиҳомоти фасодро бепояву асос хонд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG