Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, умедворӣ кардааст, ки шарикии стратегии Маскаву Душанбе дар оянда таҳким хоҳад ёфт. Вай рӯзи 7 апрел дар номае ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, ду тараф талошҳои худро барои мубориза алайҳи терроризму ҷиноятҳои фаромиллӣ ва таҳдидҳои дигари минтақа низ ҳамоҳанг хоҳанд кард, ки, ба қавли ӯ, “бешубҳа ба таъмини субот дар Осиёи Марказӣ равона мегардад”.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин номаи Путин ба хотири 25-умин солгарди муносибати дипломатии Тоҷикистону Русия навишта шудааст. Оқои Путин гуфтааст, дар ин муддат беш аз 150 созишнома ба имзо расида, ду кишвар ҳамкориро дар ҳайати созмонҳое ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой тақвият бахшидаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар як номаи ҷавобӣ ба Владимир Путин ба нақши Русия барои барқарори субот дар Тоҷикистон таъкид карда ва саҳмашро дар рушди иқтисоди кишвар низ муҳим хондааст. Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 истиқлоли худро эълон ва дар пайи он бо кишварҳои дунё, аз ҷумла Русия, ба ҳайси давлати мустақил равобити дипломатӣ барқарор кард. Имсол ба равобити дипломатии Тоҷикистону Амрико низ 25 сол пур шуд.

XS
SM
MD
LG